Сифати маҳсулоти гӯштӣ дар ИИАО беҳтар мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевМясо на рынке, архивное фото
Мясо на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2024
Обуна шудан
Минбаъд истеҳсолкунандагони маҳсулоти гӯштӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сифати маҳсулоти худро сахттар тафтиш хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё регламенти нави техникии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки ҳоло маҷмӯи қоидаҳо талаботро барои истеҳсолкунандагон сахттар мекунанд. Меъёрҳои ҷадид нишондиҳандаҳои ҳадди иҷозатдодашудаи таркиби сафедаҳо ва равғанҳоро дар маҳсулоти гӯштӣ муқаррар мекунад.
Таъкид мешавад, ки дар бораи пурзӯр кардани чораҳои назоратӣ ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2023 тасмим гирифта буд, аммо дар назар дошта буд, ки то эътибор пайдо кардани он то 24 моҳ муҳлат хоҳад паси сар шуд.
ЕАЭС-2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2024
ИИАО ҳамкориҳои соҳибкоронро маблағгузорӣ мекунад
"Истеҳсолкунандагон бояд назорат кунанд, ки миқдори воқеии протеин дар гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ на камтар аз 80% аз он нишондоде бошад, ки дар тамғагузорӣ ва бастабандӣ нишон дода шудааст", - шарҳ дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Вазъияти мазкур ба равған низ марбут аст, ки нишондиҳандаи он дар баста набояд аз 20% зиёд бошад, гуфт хадамоти матбуот.
"Навовариҳо ба маҳсулоти гӯштӣ, ки ҳуҷҷатҳои онҳо то 7 апрели соли ҷорӣ дода шуда буданд, дахл надоранд. Онҳо метавонанд то анҷоми муҳлаташон ба фурӯш бароварда шаванд", - таъкид кардааст КИАО.
Маврид ба зикр аст, ки ин меъёр аллакай дар ҳудуди ИИАО нисбат ба маҳсулоти мурғӣ аз 1 январи соли 2023 нисбати маҳсулоти парранда истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0