Закревский бартариятҳои бозори муштараки энергетикии ИИАО-ро баён дошт

© Sputnik / Максим БлиновНефтяные вышка в Татарстане
Нефтяные вышка в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2024
Обуна шудан
Авлавиятҳои асосии бозорҳои муштараки захираҳои энергетикии ИИАО, ин таъминот устувор ва қобилияти қонеъ кардани ниёзҳо бо нархҳои дастрас арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бозорҳои муштараки энергетикии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зарфияти бузурге барои истодагарӣ дар баробари таҳдидҳо ба соҳа дар минтақаро доранд.
Ин нуктаро директори департаменти энергетикаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Вадим Закревский дар мизи мудаввари "Танзими иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика" баён дошт.
Дар ҳамоиш мушкилоти глобалӣ дар соҳаи энергетика, инчунин принсипҳои ҳамкории панҷгонаи АвруОсиё дар соҳаи энергетика ва ҳадафҳои ин кишварҳо маълумот дод.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
ИИАО оқибати фурӯши бозичаҳои тарснокро меомӯзад
"Авлавиятҳои асосии ташаккули бозорҳои муштараки захираҳои энергетикии Иттиҳод, ин таъминот устувор ва қобилияти қонеъ кардани ниёзҳои дохилӣ ба онҳо бо нархҳои дастрас мебошанд", - гуфт Закревский.
Ӯ афзуд, ки феълан бозори умумии нерӯи барқи Иттиҳод дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад.
Вай инчунин аҳамияти ҳалкунандаи арзиши захираҳои энергетикиро, ки бояд шаффофу баробар ташаккул ёбанд, қайд намуд.
Ба кор андохтани бозорҳои умумӣ қадами калон ба пеш буда, барои истифодаи самараноки захираҳо ва таҳкими амнияти энергетикии кишварҳои узви ИИАО мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0