Путин мусалмононро бо Фитр шодбош гуфту аз саҳмашон дар ҳаёти Русия тавсиф кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин. Архивное фото
Президент РФ В. Путин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2024
Обуна шудан
Созмонҳои мусалмонӣ дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд, гуфт раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони Русияро бо фарорасии иди Фитр, ки дар поёни моҳи шарифи Рамазон таҷлил мешавад, шодбош гуфт.
Паёми комили шодбошии Путин, дар саҳифаи расмии Идораи мусалмонони Русия дар Telegram нашр шудааст.
"Дар тӯли садсолаҳо Иди Фитр барои пайравони ислом шодии навсозӣ, майли беҳбудии ахлоқӣ, покии андеша ва амалро таҷассум кардааст.Мусулмонони Русия анъанаҳои ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ниёкони худро эҳтиёткорона ҳифз мекунанд ва пайравӣ мекунанд", - омадааст дар паёми шодбошӣ.
Путин афзуд, ки мусалмонони Русия ин идро дар маҳаллаҳо ва оилаҳои худ таҷлил мекунанд, ба ниёзмандон кумак кунанд.
Дети поздравляют жителей c праздником Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Манъи идгардак дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд хоси мо нест, сокинон чӣ?
Ба гуфтаи президент, созмонҳои мусалмонӣ дар ҳаёти кишвар, дар татбиқи ташаббусҳои оммавии ватандӯстӣ, тарбиявӣ ва хайриявӣ ширкат меварзанд.
Бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд, ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳанд, иштирокчиёну собиқадорони амалиёти вижаи низомиро дастгирӣ мекунанд.
Роҳбари Русия афзуд, ки созмонҳои мусалмонӣ инчунин дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд.
Владимир Путин ба мусулмонони Русия саломатӣ, комёбӣ ва барори кор орзу намуд.
Фитр дар Русия чун дар бисёре аз кишварҳои дигари мусалмоннишини 10 апрел таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0