Дар ИДМ се манбаи асосии таҳдидҳои террористиро ба кишварҳои Иттиҳод гуфтанд

© Sputnik / Зафар Халилов / Гузариш ба медиабонкФлаги стран-участниц заседания Совета министров иностранных дел СНГ
Флаги стран-участниц заседания Совета министров иностранных дел СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2024
Обуна шудан
Барои кишварҳои ИДМ таҳдидҳо аз Афғонистон, минтақаи Сурияву Ироқ, инчунин рӯйдодҳои Украина ва Ховари Миёна калидӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Фаъолияти созмонҳои террористии байналмиллалӣ ва ҳамлаҳои киберӣ барои кишварҳои ИДМ як таҳдиди умумӣ ба шумор меравад.
Ин хулоса дар ҷаласаҳои сарони (сардорони ситоди) марказҳои миллии зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ содир шудааст.
"Омилҳои калидӣ, ки ба пайдоиш ва густариши таҳдидҳои террористӣ барои кишварҳои ИДМ таъсир мерасонанд, фаъолияти баланди созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон, Сурияву Ироқ, инчунин ҳодисаҳои Украина ва Ховари Миёна мебошанд", — омадааст дар изҳорот.
Ҳамзамон, хатари террористӣ аз ҳисоби афзоиши хатари воридоти ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба қаламрави ИДМ ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Ҷинояткорон дастовардҳои навтарини иттилоотӣ ва техникӣ, аз ҷумла технологияҳои зеҳни сунъӣ, системаҳои бесарнишин ва дигар системаҳои роботиро истифода мебаранд.
Президент Торгово-промышленной палаты Российской Федерации Сергей Катырин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2024
Раиси ПСС Русия: ИДМ бояд барои бозори худӣ талоши бештар кунад
Ҳамчунин таҳдидҳои ҳамлаҳои киберӣ ба инфрасохтори муҳими иттилоотӣ, системаҳои идоракунии иншооти саноатӣ, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва нақлиёт боқӣ мондаанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ маълум шуд, ки соли 2024 бори аввал дар Ӯзбекистон тамриноти муштараки зиддитеррористии "Восток-Антитеррор - 2024" баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти салоҳиятдори 9 давлати Иттиҳод – Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0