Театри миллии драмавии Русия дар Душанбе дарсҳои маҳорат баргузор мекунад

CC BY-SA 4.0 / Alex 'Florstein' Fedorov / Alexandrinsky TheatreЗдание Александринского театра в Санкт-Петербурге
Здание Александринского театра в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2024
Обуна шудан
Ҷониби Русия Мактаби байналмилалии театрии ба номи Александринскийро дар Душанбе баргузор хоҳад кард, ки ин чорабинӣ моҳи апрел дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Театри ба номи Александринский (Театри миллии драмавии Русия) ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон густариш медиҳад.
Дар ин бора дар мулоқоти сафири ҷумҳурӣ дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори театри русӣ Сергей Емелянов сухан рафт.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои кунунии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла ташкил ва баргузории сафарҳои табодули театрҳо, дастаҳои мусиқӣ, намоишгоҳҳои ҳунарии ду кишвар, инчунин густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангва санъат баррасӣ карданд.
Изделия народного промысла в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Барои ҳунармандон дар Тоҷикистон гранти президентӣ дода мешавад
Масъалаи баргузории Мактаби байналмилалии театрии ба номи Александринский дар Душанбе, ки аз 24 то 27 апрел дар назар аст, низ баррасӣ шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сафарҳои гурӯҳҳои эҷодӣ, инчунин сафарҳои инфиродии ҳунармандон ба Тоҷикистон ва хориҷи кишвар тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳукумат танзим мешавад.
Барномаи гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандон бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг мувофиқа карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0