Душанбею Тошканд рухсатнома ҳангоми транзитро лағв карданиянд

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкГрузовик на границе, архивное фото
Грузовик на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2024
Обуна шудан
Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёти сабтшуда дар давлати дигар, зимни ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки протоколи тағйироти дахлдор ба созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ имзо шуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мувофиқи протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.
Низоми нав баъди тасвиби протокол аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад, илова намуд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Заглушка к инфографике Динамика объема перевозок пассажиров в ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2024
Афзоиши гардиши мусофирон дар ИИАО - тасвирбаён
Мутобиқи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни ду кишвар, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо, рухсатнома талаб карда мешуд.
Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад, тавзеҳ дод манбаъ.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, дар айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0