Таъсири манфӣ ба аҳолӣ: Хадамоти алоқа аз операторон хост, сифатро боло баранду нархро не

© Sputnik Флаг Таджикистана на экране телефона, архивное фото
Флаг Таджикистана на экране телефона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2024
Обуна шудан
Ҳоло баъзе операторони алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон дубора талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита нархи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро баланд намоянд, гуфт Хадамот
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нигаронӣ ва мухолифати худро ба иқдоми носанҷидаи тамоми операторони алоқаи мобилӣ ҷиҳати боло бурдани арзиш ва нархи тарофаҳо изҳор дошт.
Ин ниҳод дар пайи шикояти бархе аз корбарони алоқаи мобилӣ, ки нархи хидматрасониҳо ғайримунтазир ва бидуни огоҳӣ каме боло рафтаанд, изҳороти ҷадид нашр кард.
Хадамоти алоқа ин иқдомро хилофи талошҳо барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ хонда, афзудаст, ки болобарии нархҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Ин ниҳод зикр намудаст, ки қаблан операторони алоқаи барқӣ тасмими худро тағйир дода, аз баланд бурдани арзиши тарофаҳо худдорӣ карданд.
"Бо вуҷуди ин, ҳоло баъзе операторони алоқаи барқӣ дубора талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита нархи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро баланд намоянд", - омадааст дар матлаб.
Бо зикри ин Хадамоти алоқа ба мавқеи қаблан изҳоршудаи худ таъкиди ҷиддӣ намуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок меҳисобад. Аз тамоми операторони алоқаи мобилӣ даъват карда шудаст, ки ба ҳар гуна иқдоми носанҷида, ҳангомабарангез ва беэътиборкунада даст назананд.
Девушки сидят на скамейке в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
“Фейк”: Хадамоти алоқа дар бораи сабти суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт
"Талоши баланд бардоштани арзиши тарофаҳои хизматрсониҳои алоқаи мобилӣ барои амалисозии тадбирҳои муҳим, монанди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад", - таъкид намудаст Хадамот.
Хадамоти алоқа таъкид кардаст, ки тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникиро ба вусъат додани шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.
Лентаи хабарҳо
0