Путин хатарҳо ба амнияту роҳи таҳкими истиқлолро эълон кард

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин принял участие в ежегодном расширенном заседании коллегии МВД
Президент Владимир Путин принял участие в ежегодном расширенном заседании коллегии МВД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Обуна шудан
Ҳифзи фазои иттилоотӣ аз таҳдидҳои берунию дохилӣ, мавзӯи дигари марбути таъмини амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ мебошад, гуфт президенти Русия
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқии анъанавиро муҳимтарин шарти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлатҳо номид.
Вай ин нуктаро дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни нишасти XII байналмилалии намояндагони воломақоми масоили амниятӣ изҳор дошт.
"Чунон ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, кишварҳое, ки ҳуввияти миллӣ ва асолати мардуми худро ҳифз намуда, хотираи аҷдодони худро гиромӣ доранд ва ҳамзамон ба фарҳангу анъанаҳои дигар эҳтиром мегузоранд, пайваста ва мустақилона рушд мекунанд", - гуфт роҳбари давлат.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Путин аз ҷараёни таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" ва омилони он гуфт
Ба ақидаи ӯ, ин равиш махсусан имруз, ки сохти ҷаҳонии бисёрқутба ташаккул ёфта, таносуби ҷаҳонии қувваҳо ба нафъи аксарияти ҷаҳон тадриҷан тағйир ёфта истодааст, вақте ки марказҳои нави тараққиёт фаъолона мустаҳкам мешаванд, аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Путин афзуд, яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои асри 21 терроризми байналмилалӣ боқӣ мемонад, ки онро на танҳо гурӯҳҳои радикалӣ, балки хадамоти иктишофии баъзе кишварҳо низ пуштибонӣ мекунанд.
Ӯ ҳифзи фазои иттилоотиро аз таҳдидҳои беруна ва дохилӣ як мавзӯъи дигари марбут ба таъмини амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ медонад.
"Мо итминони комил дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба таври мунтазам ва пайваста меъёрҳо ва принсипҳои ягона, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ барои рафтори давлатҳо дар соҳаи иттилоотро эҷод кунад", - қайд кард президент.
Дар хотима ӯ таъкид кард, ки Русия барои ҳамкории зич дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дар ташаккули низоми нави ҷаҳонии бисёрқутбӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аксари кишварҳост, омода аст.
Ин нишаст дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти сарпарастии Шӯрои амнияти Русия ҷараён дорад.
Дар он ҳайатҳои 106 кишвари ҷаҳон бо роҳбарии котибони шӯроҳои амниятӣ, ёварон ва мушовирони сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, вазирон ва раҳбарони хадамоти махсус, инчунин ҳашт дабири кулл ва намояндагони раҳбарияти созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0