Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко гуфт, Ғарб Украинаро ба як муътод табдил додааст

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Беларусь Александр Лукашенко
Президент Республики Беларусь Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2024
Обуна шудан
Президенти Беларус "формули Зеленский" дар бораи гӯё сулҳи эҳтимолиро ғайривоқеӣ хонд ва гуфт, ки Русия минтақаҳои навро ҳаргиз тарк намекунад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ Украинаро ба як нашъаманд табдил доданд, ки бо ваъдаи захираҳои нави аслиҳа ва кӯмаки молӣ "дар банди кӯтоҳ" нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин бора президенти Беларус Александр Лукашенко дар Ассамблеяи халқии Беларус изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки аз рӯи сатҳи хатари низомӣ дар минтақа, муноқишаи мусаллаҳона дар қаламрави Украина сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст, тавре ки ман гуфтам, эътилофи давлатҳои ғарбӣ онро дидаву дониста тамдид мекунад...
"Онҳо Украинаро ба як мӯътоди маводи мухаддир табдил доданд, ки бо ваъдаи вояи нави силоҳҳои иловагӣ, аз ҷумла силоҳҳои дурпарвоз ва манобеъи молиявӣ дар як банди кӯтоҳ нигоҳ медоранд”, - гуфт Лукашенко.
Ба гуфтаи Лукашенко ҳоло вазъи артиши Украина дар ҷабҳа дар бунбаст буд, Русия пеш меравад ва оҳиста-оҳиста шароит барои музокироти сулҳ ба вуҷуд омадааст.
Вай мегӯяд, ин вазъият "барои бастани шартномаи сулҳ мувофиқтарин аст".
Боевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия дар самти Донетск садҳо низомиву техникаи Украинаро нобуд кард
Раҳбари Беларус таъкид мекунад, ки агар мо ҳоло бо Русия ба музокироти сулҳомез ворид нашавем, бо мурури замон Украина давлатдории худро аз даст медиҳад ва метавонад мавҷудияти худро қатъ кунад.
Мавсуф "формули Зеленский" дар бораи сулҳи эҳтимолиро ғайривоқеӣ хонд ва гуфт, ки Русия минтақаҳои навро тарк намекунад.
"Онҳо намераванд, шумо медонед, ки чаро, агар пешниҳодҳое, ки пеш аз гуфтушунид гузошта шаванд, ин маънои онро дорад, ки тарафе, ки онҳоро пешниҳод мекунад, ба гуфтушунид омода нест", - гуфт президент.
Лентаи хабарҳо
0