Ҳамкории соҳибкорон дар ИИАО таҳким меёбад

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии Риа-Новости / Гузариш ба медиабонкЕАЭС 2023. Работа форума
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2024
Обуна шудан
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё азм дорад, тарҳҳои муштаракро сармоягузории бештар кунад ва доираҳои соҳибкориро даъват намуд, ки дар ин самт фаъолтар бошанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар ИИАО таъсири танзими фаромиллӣ ба шароити соҳибкорӣ арзёбӣ мешавад, заминаи ҳуқуқӣ пайваста такмил дода мешавад ва монеаҳо дар тиҷорати мутақобила бартараф мегарданд.
Ин нуктаро раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бақитжан ​​Сагинтаев, дар ҳамоиши саноатчиёну соҳибкорони Русия баён дошт.
Ӯ аз самти афзалиятноки ҳамгироии авруосиёӣ гуфта, ташкили муколамаи доираҳои тиҷоратии давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро муҳим хонд.
Ба гуфтаи вай, ИИАО азм дорад, тарҳҳои муштаракро дар доираи иттиҳодия сармоягузории бештар кунад ва доираҳои соҳибкориро даъват намуд, ки дар ин самт фаъолтар бошанд.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2024
Вазири КИАО: Дурнамои энергетикии ИИАО бояд тамоюлҳои муосирро ба инобат гирад
"Дар маҷмӯъ кори Комиссия ба фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки иқтидори ҳамгироии ИИАО аз ҷониби соҳибкорони кишварҳои мо нигаронида шудааст. Мо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо соҳибкорӣ манфиатдорем", - изҳор дошт ​​Сагинтаев.
Қаблан эълон шуда буд, ки ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОСиё бештар маблағгузорӣ хоҳанд шуд.Бо ин мақсад, иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0