Низомиёни Русия собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистонро ба милодаш табрик карданд

© SputnikВетеран Великой Отечественной войны Заргаров Мухтор
Ветеран Великой Отечественной войны Заргаров Мухтор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2024
Обуна шудан
Заргаров Мухтор дар озодкунии Курск ва ишғоли Кенигсберг иштирок намуда, бо ордену медалҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Кормандони пойгоҳи низомии 201 дар якҷоягӣ бо мушовири фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Заргаров Мухторро ба муносибати 100-солагии зодрӯзаш табрик намуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия хабар медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки низомиён ба собиқадор барои корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва саҳми бебаҳояш дар Ғалаба изҳори сипос намуда, ба ӯ саломатии бардавом ва умри дароз таманно намуданд.
"Баъд аз маросими табрикотӣ аз ҷониби кормандони низомӣ ба собиқадор як бастаи озуқаворӣ ва намояндагони сафорат ба собиқадорон кумаки моддӣ расониданд", - таъкид кард хадамоти матбуоти.
Заргаров Мухтор 29 апрели соли 1924 дар шаҳри Ҳисор таваллуд ёфтааст. Моҳи сентябри соли 1942 ихтиёран ба фронт рафт. Пас аз хатми таълими шашмоҳа дар Қазон ӯро ҳамчун пулемётчӣ ба бригадаи 284-уми танкӣ фиристоданд.
Дар озод кардани Курск ва ишгол намудани Кенигсберг иштирок кардааст. Баъди ба охир расидани ҷанг Заргаров Мухтор 2 сол дар сафи Артиши Сурх хизмат кард.
Соли 1947 ба Тоҷикистон баргашта, дар колхоз кор мекард ва дар барқарор намудани қалъаи Ҳисор низ иштирок кардааст.
Лентаи хабарҳо
0