Селхезӣ дар Тоҷикистон: кадом минтақаҳо ва масирҳо осеб диданд?

© Foto / Хадамоти матбуоти КҲФ ТоҷикистонВ Пянджском районе Хатлонской области сошли сели
В Пянджском районе Хатлонской области сошли сели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2024
Обуна шудан
Бориши дар Тоҷикистон боиси болоравии сатҳи об, омадани сел дар як қатор минтақаҳои кишвар ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо гардид
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тайи 24 соати ахир дар шаш минтақаи Тоҷикистон омадани сел сабт шудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки бар асари боришоти зиёд сел аз теппаҳои гирду атроф ба деҳаҳои Шараф, Садоқат ва Тоҷикободи ноҳияи Рӯдакӣ фаромаданд. Вале ин ба хоҷагии деҳот зарар нарасондааст.
Ҳамчунин, сел аз теппаҳои гирду атроф ба деҳоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷорӣ шуд. Дар ин ҷо офати табиӣ роҳҳоро зер карда, 18 замини наздиҳавлигиро зери об кард.
"Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳиявӣ кор карда, хисороти расида муайян карда шуда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кор идома дорад", - таъкид карданд дар кумита.
Илова бар ин, боришот боиси болоравии сатҳи оби канали Хоҷқалъаи ҷамоати деҳоти Зафаробод гардид, ки боиси зери об мондани 13 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон ва роҳҳои деҳот шуд.
Селевой поток на дороге Худжанд-Аш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Қурбонӣ надошт: КҲФ гуфт, ки дар кадом манотиқ бештар селу ярч фаромад
Аммо дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияҳо талафоти ҷонӣ ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.
Ёдовар мешавем, ки КҲФ то 29 апрел аз идомаи хатари сел, ярч, сангрезӣ ва болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз теппаҳои қаторкуҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, ҳушдор медиҳад. .
Лентаи хабарҳо
0