Коҳиши якбораи нархи се асъори калидӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2024
Обуна шудан
Коҳиши рубл дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки барои бисёре аз сокинон ин раванд хушоянд нест, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музд мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи се асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.
Аз ҷумла пули русӣ, ки тайи чанд рӯзи ахир майли гаронӣ дошт, каме поин рафта нисарзон шуда, феълан 1000 рубл бо нархи 119,8 сомонӣ муомилот мешавад. Рӯзе қабл ин нишондод 119,9 сомониро ташкил дода буд.
Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.9121 сомонӣ ва евроро - 11.7512 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳардуяшон ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии кишвар барои доллари ИМА аз 10.9121 то 10.9200 сомонӣ, евро аз 11.7512 то 11.8400 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 119,8 то 0.120,5 сомонӣ шудаст.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2024
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0