12:16 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
1009 0 0

Ихтиёриён, ки дар озмоишҳои аввалини ваксина алайҳи коронавирус иштирок доштанд, пайваста таҳти назорати пизишкон қарор гирифтанд. Ҳангоми мураххас шудан, ҳамаи онҳо худро хуб ҳис мекарданд

ЕРЕВАН, 21 июл — Sputnik. Нахустин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус омода шуд, изҳор дошт муовини вазири мудофиаи ин кишвар Руслан Саликов дар мусоҳиба бо нашрияи "Аргументы и факты"

Қаблан хабар дода шуд, ки Русия озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирусро ба анҷом расонд ва ҳамаи ихтиёриён, ки дар озмоиши дору иштирок намуда буданд, мураххас гардиданд.

Саликов қайд намуд, ихтиёриёне, ки дар санҷишҳо иштирок кардаанд, таҳти назорати доимии мутахассисони ботаҷрибаи Госпитали ҳарбии клиникӣ қарор доштанд. Ҳангоми рухсат шудан, бидуни истисно, ҳамаи ихтиёриён аз коронавирус масуният гирифта, худро хуб ҳис карданд.

Донишмандони эронӣ дар тавлиди ваксинаи коронавирус пешрафт карданд

Тибқи гуфтаи ӯ, арзёбии ниҳоии натиҷаҳои санҷиш аз ҷониби мутахассисон ва олимони Маркази миллии илмӣ оид ба эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалея анҷом дода шуда.

Ёдовар мешавем, то санаи 21 - уми июл дар ҷаҳон ба ин беморӣ беш аз 14 миллион нафар мубтало гардиданд. Вируси COVID - 19 ҷони зиёда аз 613 ҳазор маризро дар саросари ҷаҳон рабуд.

Дар Русия теъдоди умумии гирифторони ин беморӣ ба 777 486 нафар расидааст. Теъдоди қурбониён бошад, 12 427 нафарро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
дору, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ