Тоҷик аст? Тоҷикистон ҳуввияти нафаре, ки нияти ҳамлаи террористӣ дошт, месанҷад

© ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкФСБ РФ предотвратила теракт в Москве
ФСБ РФ предотвратила теракт в Москве  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти махсуси Тоҷикистон алъон шаҳрвандии нафаре, ки нияти амалӣ намудани ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Маскавро дошт, мавриди санҷиш қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Муҳоҷири Осиёи Марказӣ, ки чанде пеш аз ҷониби Хадамоти амнияти федеролии Русия маҳв гардид, Одил Қаюмов будааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Бронежилет и рация сотрудника ФСБ РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пай бурдам бо ҷангиёни Сурия алоқа дорад: террористро бародараш ба ФСБ таслим кард - навор

Феълан Хадамоти махсуси Тоҷикистон шаҳрвандии ӯро мавриди санҷиш қарор медиҳад ва муайян мекунад, ки номбурда тоҷик буд ё шаҳрванди дигар давлат.

"Мо маълумот дар мавриди Одил Қаюмов нафаре, ки нияти амалӣ намудани ҳамалоти террористӣ дар Маскав дошта, ҳангоми боздошт аз ҷониби ФСБ Русия маҳв шуд, мавриди санҷиш қарор додем", - таъкид мешавад дар хабар.

ФСБ Русия ӯро дар Химки дар яке аз таваққуфгоҳҳои партофта пайдо кард ва ҳангоми боздошт ӯ муқобилият нишон дода, кушта шуд.

Кормандони Хадамоти амнияти федеролии Русия аз макони ҳодиса як таппонча бо тирдон ва чанд норинҷаки дигар дарёфт намуданд.

Зимнан, дар як навори хадамот бародари марҳум мавриди пурсиш қарор гирифт ва иқрор шуд, ки ба Вазорати умури дохилии Русия худ аз болои бародараш шикоят бурдааст.

"Пай бурдам, ки бародарам бо ҷангиёни Сурия алоқаи зич дорад ва аз ин рӯ бевосита худам ба ВУД Русия хабар додам", - изҳор дошт баробари марҳум.
Лентаи хабарҳо
0