00:57 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
28001

Дар Русия, дар наздикии шаҳри Волгоград дар пайи сарозер шудани худрав ба канали обёрӣ 8 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар наздикии шаҳри Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба садамаи маргбор дучор шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия.

Фоҷиа дар наздикии ҷамоати деҳоти Верхнепогромен, деҳаи "Степное - 2" рух додааст. 

Бино бар иттилои пешакии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, худрави Renault Logan, зери идораи шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон, дар роҳи хокӣ, қади канали обёрӣ ҳаракат мекард.

"Бо нақзи қонунгузории ҷории Русия дар дохили автомобил 7 мусофир, аз ҷумла се ноболиғ 10, 11 ва 17-сола қарор доштанд".

Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки онҳо намояндагони диаспораи лӯлиҳо ва шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ки ба кор мерафтанд. Ду нафарашон модару фарзанд будаанд.

Тақрибан дар 600 метрии роҳи  Самара - Волгоград  ронанда аз ӯҳдаи идораи худрав набаромадааст. Дар натиҷа мошин аз роҳ баромада, ба обанбори сунъи афтидаву ғарқ шудааст.

 

Бино бар иттилои ВКД Русия, ҳамаи нафароне, ки дар мошин қарор доштанд, ҳашт нафар, шаш зан ва ду мард ҳалок гардиданд.

Сабаби марги қурбониёнро мақомот нафасгирӣ дар пайи ғарқ шудан мегӯянд.

Садамаи маргбор дар вилояти Суғд: хонум марди 61 - соларо пахш кард

Дар пайи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиштидома дорад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ