11:04 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (701)
606 0 0

Дар Русия озмоиши клиникии вакинаи алайҳи коронавирус анҷом ёфта, ҳоло марҳилаи ба қайд гирифтани он ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Русия ройгон сурат мегирад, изҳор дошт вазири тандурустии ин кишвар Михаил Мурашко, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо тасмим гирифтем, эмгузаронӣ пурра аз ҳисоби хароҷоти ҳукумат доир карда шавад. Зимнан, раванди эмгузаронӣ ба ҳамагон маълум аст - он нақшавӣ сурат хоҳад гирифт", - афзудааст Мурашко.

Қаблан, Мурашко хабар дода буд, ки сар аз моҳи октябр дар Русия эмгузаронӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Гуфта мешавад, алъон озмоиши клиникии ваксина ба анҷом расида, марҳилаи ба қайд гирифтани он ҷараён дорад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (701)
Барчаспҳо:
ройгон, эмгузаронӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ