14:57 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
2136 0 0

Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Нахустин ваксина аз коронавируси навъи нав дар Русия сабти ном шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабти ном шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин ба коршиносон барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

Вай афзуд, ки ваксин дар як вақт дар ду замина истеҳсол хоҳад шуд.

Ваксинаи зидди коронавируси Русия

Коршиносони рус аллакай дар баҳори гузашта ба коркарди ваксини зидди коронавирус шурӯъ карданд. Маводро аллакай мобайнҳои июн дар бадани чанд довталаб аз озмоиш гузарониданд.

Пизишкон таъкид намуданд, ки ҳамагуна асари ваксин ба саломати хатаре надорад ва пас аз як рӯз мегузарад.

Зиёда аз ин, дар натиҷаи озмоиш муайян гардид, ки ваксина ба бадани инсон кумак мекунад, ки зидди коронавирус маснӯият коркард кунад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ