13:49 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
777440

Кишварҳои ИДМ дар бораи омодагияшон барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Русия хабар додаанд. Коршиносони Русия тахмин мезананд, ки кай Русия фазояшро мекушояд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik.  Расонаҳои Русия хабар медиҳанд, ки Русия ба наздикӣ шояд бо кишварҳои ҳамсояаш парвозҳои мунтазамро барқарор кунад.

Сабти номи ваксинаи коронавирус ва ба эътидол омадани вазъи COVID-19  дар Русия ва кишварҳои ҳамсоя метавонанд омили барқарор гардидани парвозҳо шаванд.

"Бо ҳамин далелҳо Қазақистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон аз аввал дар рӯйхати 30 кишварҳое буданд, ки Вазорати нақлиёти Русия барои барқарор кардани парвозҳо бо ин кишварҳо тартиб дода буд. Феълан, барои оғози парвозҳои мунтазам бо ин кишварҳо замина ҳаст", - хабар додааст, як манбаъ аз вазорати нақлиёти Русия.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия менависад, ки эҳтимоли ғолиб санаи барқароршави парвозҳои мунтазам 1 сентябр бошад.

Коршиносон дар бора расман пас аз 20 август шояд хабар диҳед.

 

Мавзӯъҳои асосӣ