05:00 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
873 0 0

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Самара "Пайванд - Единство" Даврон Юсуфов аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар Самараи Русия, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон "Пайванд - Единство" Даврон Юсуфов даргузашт, хабар медиҳад котиботи роҳбари ин вилоят.

Даврон Юсуфов чоршанбеи рӯзи 19 - уми август ба таври ногаҳонӣ ҷон бохт.

Даргузашти физики маъруфи тоҷик, профессор Хурсандқул Ибодинов

Дар робита ба даргузашти ӯ, губернатори вилоят Дмитрий Азаров ба пайвандону ҳамкасбон ва дӯстони ходими ҷамъиятӣ изҳори тасаллият намуда, изҳор дошт, ки рафтани Юсуфов барои минтақа талафоти ҷуброннопазир хоҳад буд.

"Даврон Юсуфбекович яке аз дурахшонтарин намояндагони халқи тоҷик буд, ки тамоми умраш дар ҳифзи сулҳу ваҳдат байни миллатҳо дар қаламрави вилояти Самара сарфа шуда буд", - афзудааст губернатор дар суханронии худ.

Азаров қайд кард, ки Юсуфов зиёда аз 20 сол дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳр ва вилоят ширкат варзида, дар созмон додани чорабиниҳои миллӣ ва фестивалҳои варзишӣ саҳми намоён дошт.

Роҳбари "Пайванд- Единство" дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои минтақавии байниэтникӣ - Рӯзи дӯстии халқҳо, Наврӯз, фестивалҳои варзишӣ саҳми бебаҳо гузоштааст.

"Даврон Юсуфбекович бо самимият ва эҳсосоти худ фарқ мекард, ҳамеша ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамватанони худ - муҳоҷирони меҳнатиро ҳимоя мекард", - таъкид кард Дмитрий Азаров.

Зимнан, дар робита ба даргузашти Юсуфов, мудири Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Самара Игор Буров ва кулли кормандони он ба пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ