Ҷадвали 13 парвоз аз Хуҷанду Душанбе ба Русия: ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам иҷоза шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкПассажиры в аэропорту Шереметьево
Пассажиры в аэропорту Шереметьево - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тариқи ин парвозҳо натанҳо шаҳрвандони Русия балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки барои ворид шудан ба ин кишвар асос (ВНЖ ё хешовандони наздик, ки дар Русия ба сар мебаранд) доранд, метавонанд сафар кунанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вазорати алоқаи Русия ҷадвали навбатии парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русияро эълон кард, хабар дода мешавад, дар саҳифаи расмии хизматрасониҳои давлатӣ -  Госуслуги.

Ҳамин тавр, аз 31 август то 13 сентябр аз Тоҷикистон ба Русия 13 парвоз анҷои дода мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Самара, Краснодар ва Екатеринбург сафар кунанд.

Ҷадвали парвозҳо

  • парвози SMR233 Душанбе – Маскав 31.08.2020 соати 18:00 (бо вақти маҳаллӣ)
  • парвози SVR8424 Душанбе – Жуковский 02.09.2020 
  • парвози SVR 8426 Хуҷанд – Маскав 03.09.2020 
  • парвози SVR8880 Душанбе – Санкт-Петербург 04.09.2020 
  • парвози SVR8928 Душанбе – Самара 06.09.2020 
  • парвози SVR8968 Душанбе – Краснодар 06.09.2020
  • парвози SVR8424 Душанбе – Маскав 07.09.2020
  • парвози SVR8642 Хуҷанд – Санкт-Петербург 07.09.2020 
  • парвози  SVR8954 Душанбе – Екатеринбург 08.09.2020 
  • парвози SVR8426 Хуҷанд – Маскав 10.09.2020 
  • парвози SVR8880 Душанбе – Санкт-Петербург 11.09.2020 
  • парвози SVR8928 Душанбе – Самара 13.09.2020 
  • парвози SVR8968 Душанбе – Краснодар 13.09.2020

Вақти парвозҳо баъдтар муайян ва эълон хоҳад шуд.

Нархи чипта

Ёдрас мешавем, ки тариқи ин парвозҳо натанҳо шаҳрвандони Русия балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки барои ворид шудан ба ин кишвар асос (ВНЖ ё хешовандони наздик, ки дар Русия ба сар мебаранд) доранд, метавонанд сафар кунанд.

Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Нархи чипта 400 евро буда барои кӯдакони то 12 ва 2 сола арзонтар 50 ва 90 дарсад аз нархи чипта муқаррар шудааст.

Ӯзбекистон бо чор кишвар парвозҳои ҳавоиро барқарор мекунад

Қайд мешавад, ки чиптаро танҳо дар сурати сатби ном кардан дар портали хизматрасониҳои давлатӣ - Госуслуги метавон ба даст овард.

Ёдрас мешавем, ки Русия ба далели ҳамагирии коронавирус аз 27 марти соли равон парвозҳо бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро қатъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0