Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Беш аз 12 ҳазор: мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Русия

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузариш ба медиабонкПассажиры на платформе Ярославского вокзала в Москве
Пассажиры на платформе Ярославского вокзала в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди фаврӣ оиди коронаиврус дар Русия омори нави мубталошавии шаҳрвандон ба ин бемориро нашр намуд

Дар Русия мубталошавии рекордӣ ба маризии коронаиврус сабт гардид. Ба иттилои Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар ин кишвар, шабонарӯзи гузашта 12 126 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Вазорат: рӯзҳои охир дар Тоҷикистон касе аз коронавирус нафавтидааст

Ба ҳамин минвол, бо илова шудани шумораи ахири мубталоён, теъдоди умумии гирифторони ин дард дар Русия ба 1 272 238 нафар расид.

"Шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия дасти кам 12 126 ҳолати нави гирифторшӣ сабт гардид. Ҳамчунин дар ин муддат 201 мариз ҷон аз даст доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш теъдоди ҳолатҳои нав дар шаҳри Маскав - 3 701 маврид сурат гирифтааст. Дар шаҳри Санкт - Петербург 469 ва дар вилоятҳои Маскав 411 ҳолати нав ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ ҳолати рекордӣ моҳи май сабт гардид. 11 - уми май дар Русия 11 656 ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд, аммо шабонарӯзи гузашта аз лиҳози сироятёбии шаҳрвандон ба ин вирус, рекордӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0