15:44 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
18010

Дар Думаи давлатии Русия, масъалаи афзоиши квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Масъалаи афзоиши квотаҳо барои шаҳврандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар донишгоҳҳои ФР, дар Думаи Давлатӣ фаъолона баррасӣ мешавад.

Муовини раиси Думаи давлатии ФР оид ба масоили ИДМ Казбек Тайсаев гуфт, қарор дар ояндаи наздик қабул хоҳад шуд.

"Феълан масъалаи афзоиши квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар донишгоҳҳои ФР дар ҳоли баррасӣ аст. Имрӯз нишасти кумита баргузор мешавад, ки дар он мо масъалаи афзоиши квотаҳоро баррасӣ мекунем. Ин идеяро президенти кишвар низ дастгирӣ карда буд", - гуфт Тайсаев дар ҳамоиши онлайн дар хадамоти матбуотии МИА "Россия сегодня".

Ба гуфти ӯ, чунин квотаҳо аз ҷумла барои ҷавонони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ройгон дар Русия соҳиби маълуомти олӣ шаванд.

Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

ФР дар як сол дар умум барои кишварҳои ИДМ 3900 курсии ройгони таҳсил ҷудо мекунад.

Ихтисоси бурсия барои донишҷӯёни тоҷик: Давлатзода бо Лякин - Фролов мулоқот кард

Ба гуфти Тайсаев масъалаи афзоиши квотаҳои таҳсилро дар баробари президент, Россотрудничество ва ВУХ ФР низ, дастгирӣ карданд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, донишҷӯён, афзоиши квотаҳо, квотаҳои таҳсил, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ