Лавров шартҳои суботи вазъ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

© Sputnik / Каро Саакян / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий в зоне карабахского конфликта.
Военнослужащий в зоне карабахского конфликта. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имруз Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, шартҳои сул дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия ахиран афзуд, ки суботи сиёсӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ бояд тавъам ба тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ҷараён бигирад.

“Пешниҳодҳое, ки тарфҳо карданд дар ҷараёни баҳсу баррасӣ ҳастанд ва гуфтугуҳо рӯи даст гирифта шудааст. Муҳтавои ин пешниҳодҳо рушан аст. Ин давра ба давра озод кардани минтақаҳои атрофи Қарбоғи Кӯҳӣ бо риояи амнияти Қарабоғ, то замоне ки ҳувияти Қарабоғ муайян шавад, ки ба нафъи ҳарду тараф бошад”, - қайд кард Саргей Лавров.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид дошт, ки фоҷеаҳои ахир дар ин минтақа бояд ба раванди сиёсии ҳалли ин масъала кумак кунад.

Там проживают не чужие нам люди: Путин о конфликте в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар бораи низои Қарабоғ: "Мардуми он ҷой барои мо бегона нестанд" - видео

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки  бояд дар минтақаи даргириҳо неруҳои сулҳомез мустақар шавад, то раванди оташбасро назорат кунанд.

Ба гуфта вай, ҳамин механизм бояд дар минтақаҳои даргир миёни ду тараф сурат бигирад.

Даргириӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи 27 сентябр оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии эътирофнашуда изҳор доштанд, ки аз ҷониби қувваҳои Озарбойҷон оташ кушода шуд, ки қурбонӣ дар пай дошт.

Вазорати дифоъи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки танишро ҷониби Арманистон оғоз кард. Низомиёни арманӣ мегӯянд, Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон мушакборон карда шуд.

Мужчины смотрят на разрушения в жилом районе после обстрела азербайджанской артиллерией  - Sputnik Тоҷикистон
"Ба дом афтоданд": чаро ҷангҳо дар Қарабоғ хотима намеёбанд

Русия аз Озарбойҷон ва Арманистон даъват кард, ки ба даргирӣ хотима диҳанд ва сари мизи гуфтушунид нишинанд. Ҳамин тавр, аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар оғози даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи 28 сентябр дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0