04:09 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
542 0 0

Гузоришгари соҳаи варзиш Григорий Стангрит хотимаи фаъолияти қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шаби 25 октябр рақобати варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Ҷастин Гетҷи баргузор шуд. Рақобат дар даври дуюми сабқат поён ёфт. Ҳабиб бо усули буғӣ кардан Ҷастинро мағлуб кард.

Пас аз хотимаи муҳориба Ҳабиб дар бораи тарки майдон карданаш эълом кард. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Ба гуфти гузоришгари соҳаи варзиш Григорий Стангрит суханони Нурмуҳаммадов пиар нест.

"Агар мо дар бораи дигар варзишкорон ҳарф мезадем, ки хуб машҳуранд ва барои гирифтани номашон аз ҳар усуле истифода мекунанд. Ҳабиб дар бораи хонаводааш ба хотири пиар намегӯяд, - гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ гуфт, эҳтимоли зиёд аст, ки Ҳабиб барои ширкат дар ин рақобат бо модараш суҳбати дарозе дошт, чун бидуни падараш баромад кард.

Гейҷӣ ҳангоми гиряи Ҳабиб дар майдон ба ӯ чӣ гуфт?

"Барои ӯ ширкат дар ин муҳориба бисёр муҳим буд. Ӯро падараш чунин сохт, ки ӯ имрӯз аст. Агар падараш намебуд, ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд ноил гардад. Вақте он инсон дар бараш нест, мумкин тарки ин навъи варзиш ҳам осон аст", - қайд кард Стангрит.

Коршинос пешбинӣ кард, ки шояд пас аз гузашти чанд вақт варзишкор хостори бозгашт ба октагон шавад.

"Эҳсосоти дохилии Ҳабиб чӣ гуна мешавад, инро фақат вақт нишон медиҳад. Вале ҳастанд мисолҳое, ки аввал аз тарки майдон эълон мекунанд, вале баъдтар бозмегарданд. Ҳатто ҳамтои Ҳабиб, Даниэл Корме ваъда дод, ки дар 40-солагӣ фаъолияташро қатъ мекунад. Вале боз баъди 40-солагӣ ба майдон баромад, чун хоҳиш буд. Ва ин ба фоидаи ӯ кор кард, чун агар пас аз чилсолагӣ ба майдон бар намегашт, қаҳрамони ҷаҳон дар вазни вазнин намешуд", - хулоса кард коршинос.

Барчаспҳо:
Русия, тарк, варзиш, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ