06:01 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
642 0 0

Президенти Русия Владимир Путин бо ҳайъати ҳукумати кишвар ҷаласа баргузор карда вазъияти ҳамагирии коронавирусро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Русия дар бораи мавҷи дуюми коронавирус сухан намеравад, изҳор дошт президенти кишвар Владимир Путин ҳамгони ҷаласаи онлайн бо ҳайъати ҳукумат.

"Мо дар бораи мавҷи дуюм намегӯем. Пештар мо баррасӣ кардем, ки ба бархе аз манотиқи кишвар ҳамагирӣ нав мерасад", - гуфт раҳбари Русия.

Путин таъкид кард, ки ба ҳамаи воқеъоти рухдода бояд сари вақт расидагӣ кард.

"Дастамонро бояд болои набз нигоҳ дорем!", - афзуд кишвардор.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Дар баробари ин Путин ба муовини сарвазир Татяна Голикова дастур дод, ки ба манотиқи кишвар комиссияи вижа равон кунад, то вазъияти мубориза бо коронавирусро дар маҳалҳо омӯзад.

Кӯдакон COVID-19-ро паҳн намекунанд: табибон афсонаи интиқоли вирусро рад карданд

Ҳамчунин, сарвари Русия талаб кард, ки фавран барои дору барои беморони COVID-19 маблағ ҷудо карда, ба минтақаҳои кишвар барои таҷҳизоти муҳофизатӣ ва тестҳои коронавирус 10 миллиард рубл фиристанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Барчаспҳо:
мубориза, Владимир Путин, Русия, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ