Саргардонии мусофирони тоҷикистонӣ дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав

© SputnikПассажиры в аэропорту Домодедово
Пассажиры в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон ки мебоист бо парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Душанбе мунтақил мешуданд ба далели лағви ин парвоз саргардон мондаанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин парвоз бояд шаби аввали моҳи ноябр анҷом мешуд, аммо ба гуфтаи намояндагии ширкати “Сомон Эйр” дар Маскав, Русия муҷаввизи ин парвозро содир накардааст.

Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала - Sputnik Тоҷикистон
Бо Тоҷикистон? Русия бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” иҷоза доштанд, ки то 31 октябри имсол бо 100 парвози чартерӣ коргарони тоҷикистониро, ки бар асари густариши вируси корона бекор шуда буданд аз Русия хориҷ кунанд, аммо бо оғози моҳи ноябр акнӯн бояд дубора муҷаввиз дарёфт кунанд. 

Коргарони муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки бо ҳазинаи 37 ҳазор рубли русӣ(450 доллар) билет таҳия кардаанд дар ҳоле, ки қабл аз густариши Ковид-19 дар шароити оддӣ ин қимат 200 доллар буд.

Ҳамчунин теъдоди зиёде аз ин афрод барои бозгашт ба Тоҷикистон бо паймудани садҳо километр роҳ аз манотиқи дури Русия худро ба фурӯдгоҳи Домодедови Маскав расондаанд ва бо лағви ин парвоз бояд дубора ба маҳалҳои қаблии зиндагии хеш баргарданд.

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

Бо ин ҳол намояндагони ширкати “Сомон Эйр” гуфтаанд, ки дар сӯрати судӯри муҷаввиз аз сӯи мақомоти Созмони ҳавопаймоии кишварии Русия, ба мусофирон замони ҳузур дар фурӯдгоҳро эълом хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0