Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

389 фавт ва зиёда аз 19 000 мариз дар як рӯз: вазъи ташвишовари коронавирус дар Русия

© Sputnik / Алексей КуденкоДети в защитных масках
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъияти коронавирус дар Русия майли бадшавӣ дорад. Зеро шабонарӯзи ахир, беш аз 19 ҳазор мавориди ҷадиди гирифторшавӣ ба ин дард сабт гардид

ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия 19 768 мавриди тоза мубтало шудани шаҳрвандон ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар Русия.

Производство антисептиков в Таджикистане   - Sputnik Тоҷикистон
Буҳрону коронавирус монеа нашуд: дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 106 корхонаи нав ифтитоҳ ёфт

Ба иттилои манбаъ, ҳудуди 25 дарсади навгирифторон, бидуни ягон аломат сироят шудаанд.

Зимнан, дар 24 соати ахир, дар Федератсияи Русия, 15 567 бемор комилан шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд. Аммо, пизишкон ҷони 389 нафарро наҷот додан натавонистанд.

Антителаҳо одамро чанд муддат аз коронавирус ҳифозат мекунанд: шарҳи олимон

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Русия дар муроҷиат ба шаҳрвандони синну соли бузургтар мегӯяд, бидуни зарурат аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳазар кунанд.

"Дар хона бимонед ва дар сурати бад шудани вазъи саломатиятон ҳатман ба кормандони соҳаи тиб муроҷиат намоед", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Ёдовар мешавем, аз замони бурузи ин беморӣ дар Русия 1 693 454 нафар мубталои он гардида, 1 266 931 бемор шифо ёфта, 29 217 тани дигар ҷон аз даст доданд.

Лентаи хабарҳо
0