17:24 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
395502

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, хабарҳои расонаҳои хориҷӣ дар мавриди ба истеъфо рафтани Владимир Путинро сафсата хонд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Расонаҳои хориҷӣ аз истеъфо додани кишвардори Русия Владимир Путин менависанд. Бар тибқи хабарҳо, гӯё Владимир Путин ба далели мариз будан ва ё бо хости хонаводаи худ тарки курсии раёсатҷумҳурӣ мекунад.

Аммо РИА Новости аз қавли сухангӯи раисҷумҳури Русия хабар медиҳад, ки ин иттилоъ асоси воқеӣ надорад.

"Ин ҷо чизеро шарҳ додан ҳам зарур нест. Кишвардори Русия комилан сиҳат саломат аст", - афзудааст Песков.

Ба суоли он ки, оё Владимир Путин нақшаи ба истеъфо рафтанро дорад? Песков кӯтоҳ ҷавоб дод: "не".

Барчаспҳо:
Кремл, хориҷ, расонаҳо, истеъфо, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ