Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Се рӯз пайи ҳам: зиёда аз 20 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба коронавирус дар Русия

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМашины скорой помощи у больницы в Коммунарке
Машины скорой помощи у больницы в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъияти коронавирус дар Русия давоми се рӯзи ахир нигаронкунанда боқӣ мемонад, зеро се рӯз пайдарҳам мавориди гирифторшавӣ ба беш аз 20 ҳазор нафар баробар аст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия 20 498 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Доллары на блюде - Sputnik Тоҷикистон
Касрати коронавирус: гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон миллионҳо доллар коҳиш ёфт

Ба иттилои манбаъ, рӯзи сеюм аст, ки пайдарҳам меъёрӣ гирифторшавӣ аз 20 ҳазор зиёд сурат мегирад.

Гуфта мешавад, чоряки гирифторони ин маризӣ бидуни аломат гирифтор шудаанд.

Шумораи аз ҳама зиёди гирифторон дар Маскав (5751, як рӯз пеш - 5829), Санкт-Петербург (1331) ва вилояти Москва (644) аст. Камтар аз ҳама дар Округи Автономии Ненетс - ҳашт нафар. Дар Чукотка ягон ҳолати  гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 62 ҳазор гузашт

Зимнан, дар як шабонарӯз 286 нафари дигар қурбони COVID-19 шуда, 11.492 мариз аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия теъдоди гирифторони коронавирус ба 1 774 334 нафар баробар шуд. Ҳамчунин 30.537 аз замони авҷи ин маризӣ то 8 - уми ноябр фавтида, 1.324.419 нафар дар ин муддат шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0