21:05 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
71110

Дар ҳукумати Русия пас аз фармони президент Владимир Путин тағйироти кадрии кулл оғоз шуд. Дар як вақт, Путин мансаби нав -  муовини даҳуми нахуствазир ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин се вазирро ба истеъфо равон кард.

Бино бар фармони роҳбари Русия, Евгений Дитрих аз маснади вазири нақлиёти Русия, Дмитрий Кобилкин аз вазифаи вазири захираҳои табиӣ, Владимир Якушев аз симати Вазорати сохтмон барканор шуданд.

Дар як вақт, Путин мансаби нав -  муовини даҳуми нахуствазир ташкил кардааст. 

Роҳбари Ҳукумати Русия Михаил Мишустин аллакай номзадҳо ба мансабҳои холишударо пешниҳод кардааст. 

Аз ҷумла, ба вазифаи муовини нави нахуствазир Александр Новак, вазири вазорати энергетика баррасӣ мешавад. Интизор меравад, ки ба ҷои Новак, роҳбари "Русгидро" Николай Шулгинов таъин шавад.

Жириновский дар бораи вориси Путин гуфт

 

Эҳтимол меравад, ки робари "Аэрофлот" Виталий Савелев вазири нақлиёт, вазири вазорати табиат Александра Козлова аз вазири сохтмон - Ирек Файзуллина таъин шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ