15:43 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
237 0 0

Барои чӣ пирӯзи бар Гитлерро бештар ба Амрико рабт медиҳанд. Кай дар бораи ҷан фейкҳо пайдо шуд ва читавр ба метавон мубориза бурд? Ҷавоб ба ин суол дар гузориши Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik, Данара Курманова. Дар Маскав форуми илмӣ ва амалии байналмилалӣ ба унвони “Бардоштҳо аз Нюрнберг”, ки аз сӯи Ожонсии иттилоотии байналмилалӣ “Россия сегодня” ташкил ёфтааст, баргузор шуд. Мавзӯи асосӣ: чаро дар ҷомеаи имрӯза дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон фейкҳои зиёде пайдо шудааст ва оё имкон дорад ба ин раванд мубориза бурд? Бояд гуфт, ки гузоришҳо дар бораи кам кардани аҳамияти сарбози Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғалаба бар фашизм бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд ва назорати онҳо мушкил аст.  

Аммо бархе аз коршиносон гуфтанд, ки мубориза бо ин раванд имкон аст. Вале барои фаҳмидани ин кор бояд ба се афсонаи ҷанг назар кард.  

Афсона дар бораи он, ки гӯё Ғалаба ба фашизм ба Амрико рабт дорад

“Нависандаи олмонӣ ва роҳбари сомонаи “Antispiegel” Томас Рёпер мегуяд талоши тақалуб дар бораи он ки гӯё Амрико бар Олмони нозӣ пирӯз шудааст, қаблан ҳам буд, аммо ин раванд боэҳтиёт сурат мегирифт. – Қаблан мегуфтанд, ки Иттиҳодӣ Шӯравӣ ва Амрико шарик буданд ва талафоти бештар ҷанг маҳз фронти Шарқӣ дидааст. Аммо ҳоло аскари Шӯравиро бештар ишғолгар меноманд, вале амрикоиҳоро ба Олмон бо шоколад омаданд”.

Ба гуфтаи Рёпер ба таҷдиди назар ба таърих бештар расонаҳои Аврупоӣ машғуланд, ба хусус расонаҳои олмонӣ. Барои мисол маҷалаи “Der Spiegel” дар шабакаҳои иҷтимоӣ постеро нашр кард, ки дар гуфта шуда буд конслагери Освенсим аз сӯи нерӯҳои Амрико озод шудааст. Вале баъд аз танқиди зиёд маҷала гуфт “иштибоҳ” кардам ва хабарро ислоҳ кард: Аммо ҳоло мегуянд конслагери “Аушвитс” аз сӯи Ариши сурх озод шудааст.

Ба ҳамин хотир мутахассисон пешниҳод мекунанд, ҳар ислоҳоте, ки дар таърих сурат мегирад маҳкум шавад. Мақолаи “Der Spiegel” маҳз ба корбарони олмонӣ хуш наомад.

Афсона, ки насли наврас ба ҷанги гузашта аслан таваҷҷуҳ надорад

Назаре вуҷуд дорад, ки гӯё ҷавонон ба мавзӯи ҷанги дуюми ҷаҳон таваҷҷуҳи камтар доранд. Аммо ба гуфтаи рӯзноманигори Russia Today таъкид доштааст, ки ин ҳақиқат надорад. Ӯ ҳамчун мисол “Ҳанги ҷовидонро” овардааст: агар қаблан “Ҳанги ҷовидон” дар 39 кишвар баргузор мешуд, ҳоло ин раванд дар 115 кишвари ҷаҳон сурат мегирад.

“Ба ҳамин хотир мо бояд ҳамватанони худро дастгирӣ кунем. Онҳо ҳимоятгари ёддошти таърихӣ, ҳамсафари сулҳу ҳамкорӣ, дастгиру сутуни шаҳрвандони Русия дар хориҷ ҳастанд”, - мегуяд Бутина. 

Шумори нафароне, ки мехоҳанд ҳақиқати ҷангро ҳифз кунанд дар кишварҳои хориҷи наздик низ афзоиш ёфтааст. Шаҳодати ин кор – ихтиёркорони рус Сергей Мирошниченко аст, ки дар вақтҳои бекорӣ санадҳои требунали Нюрнбергро тарҷума мекунад. Ахиран дар фазои маҷозӣ сомонаи “Nuremberg Media” пайдо шуд, ки дар бораи требунали Нюрнберг нақл мекунад. ташкилкунандаи аслии ин лоиҳа “Россия сегодня” ва ожонсии “Sputnik” мебошад.

Агар дар бораи ҷанг бигӯем бояд ба далел такия кунем, мегуянд иштироккунандагони форум. Касоне, ки фикр мекунанд комунизм ва натсизм якранг аст, ҳадсу гумонашон беасос мешавад. Ин лоиҳаро пизишки олмонӣ Адолф Покорний дар номаи худ дар соли 1941 пешниҳод кардааст ва гуфтааст, ки “бар душман бояд пирӯз шуд ва он бояд нобуд карда шавад”. Барои ҳамин Покорний пешниҳод карда буд, ки “3 миллион маҳбусони болшавик, бояд имкони фарзандоршудан надошта бошанд”. Ба гуфта пизишк, асиронро бояд то охири умр ҳамчун нирӯи корӣ истифода кард – дар сурати ғалабаи Гитлер бар Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми шаҳрвандони ин кишвар бояд ҳамчун ғулом истифода шаванд.    

Фейкҳо танҳо бо кумаки интернет пайдо шуданд?

Ба гуфтаи рӯзноманигор ва саркардаи шабаркаи YouTube “Цифровая история” дар асл хабарҳои бардуруғ ҳамеша вуҷуд доштанд. Новобаста аз он, ки хабарҳои фейк аз тариқи интернет зуд паҳн мешаванд, сатҳи онҳо сахт поин омадааст. Дар асри XIX ба ин масъала бисёр шоирона рафтор мекарданд.

Дар соли 1817 шоири чех Вацлав Ганка гуфтааст, ки дар касри шаҳри Крале Двур дастхатҳои замони 1242-ро пайдо кардааст, ки дар он дар бораи ғалаб бар тотору монголҳо гуфта шуда будааст. Аксари амрдуми Чех ба ин афсона бовар карданд. Аммо суханҳои дуруғи шоирро танҳо баъд аз 70 сол исбот карданд.

Боз як фейки машҳур дар соли 1939 ожонсии иттилоотии “Гавас” нашр карда буд. Дар ин хабари дуруғ гуфта шуда буд, ки гӯё Иосиф Сталин мехост Лаҳистонро ишғол кунад ва ҳатто суханони генералисумусро, ки гӯё дар политбюро пеш аз оғози ҷанг гуфта буд, нашр кард.

Аммо ин хабари дуруғи Ожонсии “Гавас”-ро баъд аз ҷанг олимони олмониву бритониёӣ исбот карданд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, Амрико, Гитлер, мубориза, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таърих, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ