01:59 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
537 0 0

Дар вилояти Маскав як ҷангҷӯйи гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз ҷониби кормандони ФСБ дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Русия аз амали террористӣ, ки дар вилояти Маскав омода мешуд, пешгирӣ карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Хадамоти амниятии ФР.

Муайян шуда, ки гурӯҳи террористон ҷангҷӯйи "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) будааст.

ФСБ Русия хабар медиҳад, ки террористон нақша доштаанд дар вилояти Маскав теракт анҷом диҳанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ дигар ҷавононро низ таблиғ карда, барои буду боши намояндагонашон, маблағ ҷамъоварӣ мекардаанд.

Боздошти зодаи Осиёи Марказӣ: дар Маскав теракт омода мекард - видео

Бино ба маълумоти манбаъ, кормандони мақомоти қудратӣ дар вилояти Владимир яке аз аъзоёни гурӯҳро дастгир кардаанд, ки зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар бораи дигар гумонбаршудагон хабар дода намешавад.

Дар ҷойи истиқомати террорист як маводи таркандаи худсохт кашф ва мусодира карда шуд. 

Навори нашркардаи хадамоти матбуоти ФСБ нишон медиҳад, ки аснои кофтуков ҳуҷҷатҳо ба навор афтодаанд ва яке аз шиносномаҳо ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, террористон, теракт, вилояти Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ