Рустами Эмомалӣ ба Алексей Оверчук: иҷрои 300 созишнома беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкБинои Ҳукумати ФР
Бинои Ҳукумати ФР - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ ва Алексей Оверчук масоили иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз бо муовини раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот кард.

Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон
Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

Бино ба гузориши дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе ин дидор дар бинои Ҳукумати Русия дар шаҳри Маскав баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷудабаррасӣ кардаанд.

Дар ин мулоқот, Рустами Эмомалӣ ёдовар шудааст, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро қариб 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

"Дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол байни ду давлат  720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод", - садо дод дар ин дидор.

Корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардидааст.

Ҷонибҳо манфиатдории худро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ, ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштаанд.

Официальный визит Председателя Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустама Эмомали в Российскую Федерацию - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео

Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Русия ба Тоҷикистон мувофиқи мақсад донистааст.

Воридоти маҳсулоти ғизоӣ

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад.

Омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон

Дар ин дидор гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамасола аз Русия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгорон фиристода мешаванд.

Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳимияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду давлатро таъкид намудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намудааст, ки Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ,саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни ин ду кишвар мегузорад.

Лентаи хабарҳо
0