15:44 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
438 0 0

Сергей Собянин раиси шаҳри Маскав вазъияти коронавирусро шарҳ дода гуфт, ки ҳоло ҳарф задан дар бораи коҳиш ёфтани мавориди гирифторшавӣ ба ин дард, барвақт аст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба изҳори раиси шаҳри Маскав вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус дар пойтахти Русия ҳамоно нигаронкунанда аст.

Сергей Собянин дар ин бора дар блоги шахсии худ хабар дода, гуфт, ки аз санаи 16 то 22 ноябр дар Маскав мавориди ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба андозаи 2 фисад ва ҳолатҳои бистарӣ кардани маризон то 3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба ҳамин минвол, маҳдудиятҳое, ки қаблан Собянин пиёда намуда буд, то рӯзи 15 январ тамдид мешаванд.

Яъне, нафарони калонсол набояд бидуни зарурат аз хона берун раванд; 30 дарсади коргарон ҳамоно аз тариқи режими дуркорӣ фаъолият мекунанд; донишҷӯён низ ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд; тамошобинони толорҳои кино, театр набояд аз 25 дарсад бештар бошанд; марказҳои фароғатӣ барои кӯдакон баста мемонанд.

"Шӯхӣ нест"! Нигаронии Собянин аз вахим шудани вазъи коронавирус дар Маскав

Дар Маскав маҳдудиятҳое мавҷуданд, ки мақомоти шаҳр бо сабаби вазъи душвори эпидемӣ ҷорӣ карда буд. Аз ҷумла, пас аз соати 23.00 қаҳвахонаю майкадаҳо, тарабхонаҳо ва клубҳои шабона кор намекунанд ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо аз фосилаи дур таҳсил мекунанд.

Намоишгоҳҳо, лексияҳои оммавӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ бо тамошобинон, ба истиснои варзиш, муваққатан қатъ карда шудааст.

Барчаспҳо:
изҳори нигаронӣ, маризӣ, вазъият, Сергей Собянин

Мавзӯъҳои асосӣ