03:54 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
340610

Раисҷумҳри Русия аз ҳукумат талаб кард давоми як ҳафта барои пешгирӣ аз болоравии нархҳои маводи ғизоӣ чораҳои қатъӣ андешанд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳукумати кишварро вобаста ба вазъи болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум сахт сарзаниш кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

“Даромади воқеъии мардум поин рафт. Даромад ба 4,3 дарсад поин омад, вале қимати шакар 71 дарсад боло рафт. Мардум барои хариди ниёзи аввала пул надоранд ва ба ҳамин далел кам масраф мекунанд. Шумо ба куҷо нигоҳ доред. Ин суол ҳамин аст. Ин шухӣ нест”, - гуфт раисҷумҳури Русия.

Навори ҷаласаи ҳукумат рӯзи 13 декабр тариқи барномаи телевизионии “Москва. Кремл. Путин” дар шабакаи “Русия 12” нашр шуд.

Роҳбари Русия ба ҳукумат дастур дод, ки масъалаи болоравии нархҳоро дар мағозаҳо баррасӣ намоянд ва дар муддати кӯтоҳ ҳал кунанд.

“Ҳамаи паҳлуҳои ин мавзӯъ то фардо бояд комилан ҳалли худро пайдо намоянд ва дар аввали ҳафтаи гузашта рӯи коғаз ба монанди санад иникос ебанд”, - илова кард Путин.

Путин гуфт болоравии нархҳо маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумлаи макарон, шакар ва орд қобили қабул нест.

Ба гуфтаи вай, болоравии нарх ба вазъи иқтисодӣ рабт дорад на ба пандемия ва сатҳи истеҳсолот. Ҳукумат бояд саривақт ба ин ҳолатҳо аҳамият диҳад.

Чанд ҳафтаи пеш нахуствазири Русия Михаил Мишустин зимни ҷаласаи ҳукумати Русия ба вузарои дахлдор супориш дод, ки барои поин рафтани нархҳои маводи ғизоии муҳим дар кишвар чораҳои судманд андешанд.

Вай афзуд, ки дар ҳолити поин омадани даромади мардум ин ҳолатҳо бояд умуман набошанд.

Барчаспҳо:
чора, болоравии нарх, нархҳо, Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ