02:18 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Роҳбари Маркази вирусшиносии Гамелияи Вазорати тандурустии Русия эълом дошт, ки ваксинаи "Спутник V" баданро то ду сол аз вируси COVID - 19 муҳофизат мекунад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Профессор Александр Гинсбург рӯзи якшанбе дар як барномаи телевизиюнӣ дар шабакаи "Русия 1" гуфт, ваксинаи "Спутник V " бар асоси формуле тавлид шудааст, ки бар асоси он ваксинаи Эбола сохта шуд ва метавонад то ду солу ҳатто бештар ба бадан дар баробари корона муҳофизат кунад, хабар медиҳад "ИРНА".

Вай афзуд, ваксинаи "Спутник V" то 96 дарсад кафолат медиҳад, шахсе, ки ваксина мегирад, ба бемории корона мубтало нахоҳад шуд ва дар сурати мубтало шудан ҷараёни бемории ӯ дар мққоиса бо дигарон хеле сабук мегузарад.

Гисбург мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд фарде, ки ваксинаи "Спутник V"  бигирад дар сурати бемор шудан, каме обрезиши бинии табии нисбатани боло хоҳад дошт, аммо шушҳои ӯ осеб нахоҳад дид.

Ваксинаи "Спутник V" нахустин ваксинаи сохти русӣ, алайҳи коронавирус аст, ки моҳи сентябр онро дар чанд гурӯҳ ихтиёриён аз озмоиш гузаронданд.

Ваксинаи Трамп: чаро дар нокомиҳои тибби ИМА президенти равандаро айбдор мекунанд

Ҳоло бошад, пас аз анҷоми марҳилаи озмоишӣ, ҳудуди 2 миллион вояи он тавлид шуда, шумораи зиёди хоҳишмандони дар Маскав эм гирифтанд.

Зимнан, кишвардори Русия Владимир Путин дастур додааст, ки то поёни ин ҳафта ваксина бояд дар ҳамаи 85 манотиқи Русия тавзеъ шавад.

Барчаспҳо:
дору, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ