01:00 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷанги ахир дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз назорат берун шуд, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотии бузург бо хабарнигорони хориҷиву дохилӣ.

Ба гуфтаи роҳбари Русия “вазъи шиддатнок” дар Қарабоғи Кӯҳӣ чанд сол давом дошт.

“Фикр намекунам, ки дахолат ба вазъ аз хориҷ буд. Борҳо муноқишаву тирпарониҳои хурд сар зада буд, дар ниҳоят ин ба ҷанг табдил ёфт”, - гуфт Путин.

Владимир Путин илова кард, ки Русия ҳамеша ҷонибдори он буд, ки ин масъала ба роҳи сулҳ  ҳалли худро пайдо кунад.

“Мо ҳамеша ҷонибдори он будем, ки ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳафт минтақае, ки артиши ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ назорат мекард, баргардонда шавад. Худи мақоми Қарабоғи Кӯҳӣ бояд бетағйир монад. Дар оянда вазъи мавҷуди Қарабоғи Кӯҳи бояд сабт гардад. Вале ин раванд дар сурати таъмини равобити ҳатмӣ миёни Арманистон ва Қарабоғи Кӯҳӣ сурат бигирад”, - гуфт роҳбари Русия.   

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе нишасти матбуотии бузурги солонаашро анҷом дод. Ин нишаст 16-уми раисҷумҳур буд.

Бино бар пандемияи вируси корона нишасти имрӯзаи Владимир Путин дар шакли аҷиб сурат гирифт. Гуфтугӯи Владимир Путин бо хабарнигорон дар шакли онлайни сурат гирифт. Инчунин раисҷумҳури Русия на танҳо ба суоли хабарнигорон балки ба суолҳои мардуми Русия низ ҷавоб дод.

Барчаспҳо:
ҷонибдорӣ, ҷанг, Озарбойҷон, Арманистон, Қарабоғи Кӯҳӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ