Боздиди Рамазон Қодиров аз макони тирпарронӣ

© Telegram / kadyrov_95Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров на месте стрельбы в Грозном 28.12.2020
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров на месте стрельбы в Грозном 28.12.2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров аз макони тирпаронӣ боздид карда, шахсияти ҳамлагарон ба пулиси Грознийро гуфт

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз макони тирпаронӣ боздид кард.

Дар доираи ин боздид, раисиҷумҳур бо мардуми маҳаллӣ ва кормандони мақомоти қудратӣ гуфтугӯ кард.

Ба гуфти Рамазон Қодиров террористоне, ки ба пулиси Грозний ҳамла карданд, бародарон аз Ингушетия будаанд. Ӯ қайд кард, ки онҳо соли 2012 ба Чеченистон омада ва дар яе аз нонпазхонаҳо кор мекарданд.

"Ҳувияти ҷинояткорон муайян карда шуд. Онҳо ду бародар аз Ингушетия ҳастанд, ки соли 2012 ба Чеченистон омада, дар яке аз нонвойхонаҳо кор мекарданд", - навиштааст Қодиров дар шабакаи Telegram - и худ.

Бино ба гуфти Қодиров террористон бо корд ба кормандони пулис ҳамла карда, кӯшиш карданд, ки силоҳи онҳоро аз худ кунанд.

Нашри навор аз тирпарронӣ дар Грозний: ду пулис кушта шуданд-видео

Қодиров зикр кард, ки ҷангҷӯён бо оташи ҷавобӣ нобуд карда шуданд. Дар паи тирпаронӣ як корманди пулис кушта шуда, дигаре ҷироҳатдор шуд.

Лентаи хабарҳо
0