15:51 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
67601

Муҳоҷироне, ки дар қаламрави Твер зиндагӣ мекунанд, наметавонанд дар соли 2021 дар баъзе ҷойҳои холии қаблан дастрас, кор пайдо кунанд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар вилояти Твер рӯйхати касбҳое тасдиқ шуд, ки дар он мувофиқи қарори губернатори вилоят Игор Руден кирояи муҳоҷирон манъ аст.

Рӯйхати тасдиқшуда якчанд касбро дар бар мегирад, ки ба онҳо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси патент кор мекунанд, наметавонанд дар як қатор ҷойҳо кор пайдо кунанд.

Хоҷагии ҷангал ва коркарди чӯб, бо бархе истисноҳо, истеҳсоли пиво ва нӯшокиҳои спиртӣ ва спирт, сохтани иншооти гидротехникӣ, маҳсулоти резинӣ ва пластикӣ, дар рӯйхате қарор доранд, ки хориҷиён ба онҳо роҳ дода намешавад.

Ғайр аз он, интиқоли колову мусофирон низ ба муҳоҷирон мамнӯъ шуд.

Аз соли 2021 ба муҳоҷирон дар ин минтақа савдои яклухту чакана ва савдо тавассути агентҳо манъ карда мешавад.

Фурӯши мошину мотосикл истисноанд.

Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд

Аҷнабиён инчунин наметавонанд миёнарави молиявӣ бошанд ва ба ягон намуди фаъолият дар соҳаи маориф ва тандурустӣ машғул шаванд.

Ин тартибот ба шаҳрвандони Қирғизистон, Белорус ва Арманистон дахл надорад.

Барчаспҳо:
мамнуъ, кор, Твер, муҳоҷирон

Мавзӯъҳои асосӣ