16:17 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Рӯзноманигорони минтақавии Русия ҷузъиёти таркиш дар нуқтаи савдои хӯроки тезтайёр дар Ростовро пайгирӣ карданд, ки дар пайи он як муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳодисаи таркиши баллони газ дар кӯчаи Жданови Ростов шаби 7-уми январ рух дода буд, аммо акнун ба рӯзноманигорон даст додааст, ки ҷузъиёти ин қазияро ошкор созанд.

Сараввал яке аз дӯкоҳо оташ гирифтаву ҳамин тавр аланга ба дӯконҳои ҳамсоя гузаштааст. 

Сӯхторро дар тайи чанд соат 38 наҷотдиҳанда хомӯш карданд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса ду нафар маҷрӯҳ шуда, як нафар ҳалок шудааст.

Тавре расонаи маҳаллии DonDay.ru менависад, дар рафти оташсӯзӣ як ошпази бино маҷрӯҳ шуда, узвҳои гуногуни баданаш сӯхтаанд. Вазъи осебдидаро пизишкон вазнин арзёбӣ мекунанд. Як нафари дигар аз ҷароҳатбардоштагон аз муштариёни дӯкон будааст, ки 45 дар сади баданаш сӯхтааст.

Кор дар як қатор сохторҳои Твер ба муҳоҷирон мамнӯъ шуд: кадомҳо

Ҳамчунин, дар ин оташсӯзӣ, мутаассифона як ошпази 21-сола, зодаи Тоҷикистон фоҷеабор ҳалок шудааст. Гуфта мешавад, 100 дар сади бадани ҷавон сӯхтаву ӯ дар шӯъбаи ёрии фаврии Ростов ҷон додааст.

Мақомоти дахлдори кишвар ҳодисаро таҳқиқ ва гунаҳкорони ҳодисаро муайян мекунанд.

Барчаспҳо:
таркиш, ҳалокат, воқеаи фоҷиабор, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ