03:12 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид доштааст, ки Русия ба усулҳои асосии озодии баён, аз ҷумла озодии ВАО ва дастрасии озодона ба иттилоотро ҳамеша пуштибонӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Вазорати хориҷаи Русия қайд кардааст, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Ғарб тамоюли танзими иттилот ва поксозии манбаъҳои он, ки нуқтаи назари дигарро баён мекунанд, вуҷуд дорад.

“Бояд қайд кард, ки рӯз аз рӯз маҳдудият дар фаъолияти рӯзноманигорон афзоиш меёбад ва ҳатто бархе аз кишварҳо механизмҳои воқеии фишор ба намояндагони васоити ахбори оммаи "номаъқул"-ро эҷод кардаанд. Русия ба чунин амалҳо шадидан муқобил аст ва хоҳони риояи қатъии принсипҳои умумиҷаҳонии озодии ВАО мебошад”, - таъкид кардааст ВУХ Русия.

Манбаъ ишора кардааст, ки Русия аз вазъи амнияти хабарнигорон дар Украина нигарон аст.

"Русия борҳо таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба тамоюлҳои хатарнок ба монанди сензура ва нақзи дағалонаи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва ҳатто қатли онҳо дар ин кишвар ҷалб карда буд", - афзудааст Вазорати умури хориҷаи Русия.

Манбаъ гуфт, ки то ҳол дар тафтишоти қатли рӯзноманигорон Анатолий Клян, Антон Волошин, Игор Корнелюк, Андрей Стенин, Андреа Роккелли, Олес Бузина, Сергей Долгов, Вячеслав Веремия, Павел Шеремет ва дигарон пешравие нест ва қайд кард, ки то ҳол, намояндагони ВАО дар Украина мавриди зӯроварӣ қарор доранд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ВУХ-и Русия аз поймолкунии зиёди ҳуқуқи рӯзноманигорон дар кишварҳои назди Балтика нигарон аст.

 Черишева: Мавқеи Аврупо нисбати Sputnik Эстония – хомӯшии ҷиноист

Вазорати хориҷа ёдрас шудааст, ки вакилони парлумони Литва соли 2019 даъват намуданд, ки дастрасӣ ба сомонаи  Sputnik-Литва маҳдуд, ва сармуҳаррири ин хабаргузорӣ М.Кассем боздошт ва ба мудати панҷ сол аз кишвар хориҷ карда шавад.

Аз 1 январи соли 2020 кормандони Sputnik-Эстония таҳти таҳдиду таъқиби парвандаҳои ҷиноӣ фаъолияти худро низ дар ин кишвар қатъ карданд. Вазъи мушкил ҳамчунин дар Латвия ба назар мерасад: дар ин кишвар пахши ҳафт шабакаи гурӯҳи RT қатъ карда шуд, ҳамчунин пахши "Шабакаи аввали Балтика" низ масдуд шуд. 3 декабри соли 2020 Хадамоти амнияти давлатии Латвия ҳафт корманди сомонаи  Sputnik-Латвия ва Baltnews-ро боздошт кард.

“Мо ин амалҳои таҷовузкоронаро ҳамчун намунаи ошкоро вайрон кардани пояҳои ҷомеаи демократӣ - озодии ВАО ва озодии баён медонем”, - зикр кардааст вазорати хориҷа.

Ҳамзамон ВУХ-и Русия қайд кардааст, ки вакилони парлумони Русия ба ҳамтоёни аврупоии худ дар бораи нақзи озодии баён, сензура ва дағалона вайрон кардани ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Латвия муроҷиат карданд.

Русия дар ин муроҷиатномаҳо аз кишварҳои Аврупо даъват кардааст, ки ба истифодаи усулҳои зуроварӣ ва сензура, ки ҳамчун фишанги муборизаи сиёсӣ ва иттилотӣ дониста мешавад, роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Вазорати хориҷа, Русия аз ҳаводиси ахир, ба хусус худсарии платформаҳои иттилооти Амрико нисбати ВАО Русия изҳори нигаронӣ кард.  

"Масдудсозии саротосарӣ ва поксозии контентҳои русӣ дар моҳҳои ахир ба як тартиби оддӣ ва ба як сензураи рушан табдил ёфтааст. Амрико бо ин роҳ мехоҳанд дар маҷмӯъ бозори иттилоотро маҳдуд созад ва бо ҳар роҳу восита сарчашмаҳои алтернативии иттилоотро пахш намояд", - қайд кардааст Вазорати умури хориҷаи Русия.   

Манбаъ таъкид доштааст, ки Русия минбаъд низ ин масъали мушкилро дар арсаи байналмилалӣ матраҳ хоҳад кард.

"Мо умедворем, ки дар оянда принсипҳои демократияи ва озодии баён бартарӣ пайдо мекунанд" – зикр кардааст Вазорати умури хориҷаи Русия.

Барчаспҳо:
иттилоотӣ, озод, дастрасӣ, озодии баён, ВАО, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ