12:26 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
377910

Штаби оперативии мубориза бо коронавирус гуфтааст, Русия то охири моҳи январ бо кадом кишварҳо парвозҳоро барқарор мекунад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Русия қарор дод, ки бо чор кишвари дигар парвозҳои мунтазамро барқарор кунад, хабар медиҳад Штаби оперативии мубориза бо паҳншавии коронавируси кишвар.

Гуфта мешавад, аз 27-уми январ парвозҳо ба Финландия, Ветнам, Ҳиндустон ва Қатар барқарор хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр аз Маскав ба Ханой, Делӣ ва Хелсинки ҳафтае ду парвоз анҷом дода хоҳад шуд. Ба Доха, пойтахти Қатар аз Русия ҳафтае се маротиба парвоз анҷом дода мешавад.

Афзун бар ин хафтае ду парвози дигар ба хатсайри Санкт-Петербург — Хелсинки ба нақша гирифта шудааст.

Штаби мубориза бо коронавирус таъкид кардааст, ки шумораи парвозҳо ба самти Қоҳира то ҳафтае панҷ маротиба бештар карда мешаванд.

Штаб таъкид мекунад, ки пеш аз қабули қарор дар бораи ба роҳ мондани парвозҳои муқаррарӣ Русия ба чанд меъёр назар мекунад.

Аз ҷумла бояд шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус камтар аз 40 ҳолат ба сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ дар 14 рӯзи ахир бошад, афзоиши шабонарӯзии беморӣ, на бештар 1 дар садро ташкил диҳад ва коэффитсиенти паҳншавии коронаврус дар як ҳафта поёнтар аз воҳид бошад.

Парвозҳо дар масири Душанбе - Дубай афзун ёфтанд: кадом рӯзу соат

Русия дар ҳошияи пандемияи коронавирус дар охири моҳи марти соли 2020 тамоми парвозҳои байналмилалиро лағв кард. Истисно танҳо парвозҳои махсус, почта, санитарӣ ва бархе дигар хатсайрҳо буданд.

Аз моҳи август парвозҳои ҳавоӣ  барқарор шуда истодаанд. То имрӯз сокинони Русия ба 15 кишвари дунё - Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, ИМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейсария, Ҳабашистон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд парвоз кунанд.

Тоҷикистон феълан дар ин феҳраст нест ва мақомоти кишвар пештар гуфта буданд, ки дар ин бора гуфтушуниди миёни Русияву Тоҷикистон идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ