12:04 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
1135 0 0

Дар Русия сокиноне, ки аз коронавирус эм шудаанд, дар бораи таъсирҳои манфии ваксинаҳои гуногун гуфтанд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар яке аз каналҳои Телеграм, ки барои ҳамагон дастрас аст, нафарони аз коронавирус эмшуда дар бораи вазъи саломатиашон пас аз эмшудан нақл карданд. Онҳо ҳамчунин таъсирҳои манфии ин ваксинро гуфтаанд.

Байни нафароне, ки дар ин саҳифаи Телеграм сӯҳбат карданд, нафароне низ буданд, ки пурра саломатанд ва ё бемориҳои музмин доштанд. 

Пештар онҳо аз баланд шудани таби бадан пас аз ваксинатсия нақл кардаанд.

"Субҳ сарам дард мекард, ҳарорати бадан то 38 дараҷа баланд шуд ва як бемадориро ҳис кардам", - менависад яке аз корбарон.

Таби баландро, ба гуфтаи ваксинкунандагон, метавон танҳо бо маводҳои дорои паратсетамол рафъ кард.

Одатан ҳарорати бадан, бемадорӣ ва дарди сар баъди ду-се рӯз мегузарад. 

"Дар рӯзи аввал умуман ягон ҷоям дард намекард, ҳатто ҷои сӯзандору. Аммо шабона табам баланд шуд, субҳаш аллакай таб набуд, вале сарам дард мекард. Нисфирӯзиаш аҳволам бадтар шуд, табам то 37,2 баланд гардид ва бегоҳи ҳамон рӯз нишонаҳои ваксина пурра рафъ шуданд, танҳо худро хаста ҳис мекардам. Субҳи рӯзи сеюм пурра вазъам хуб шуд, гӯё чизе набуд", - навиштааст як нафари дигар.

Як нишонаи дигар, ки бештари эмшудагон аз он шикоят мебаранд, дарди ҷои сӯзандору будааст.

"Китфам, ҷое ки сӯзандору газаронида буданд, хело сахт дард мекард ва то ҳол дард мекунад", - менависад нафари дигар.

Яке аз нишонаҳои ғайриоддии ваксинкунӣ, ки дар бораи он мегӯянд, - дарди ҷойҳои пештар осебдидаи бадан будааст, ки дер давом намекардааст.

Қисме аз занон менависанд, ки пас аз эмгузаронӣ иштиҳояшон хело хуб шуд.

Тибқи баррасиҳои охирин, мардон нисбат ба занон таъсири ваксина ба осонӣ таҳаммул мекунанд.

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

Инчунин дар сӯҳбат, одамони ваксинашуда скриншотҳои санҷишҳои антителаҳои коронавирусро мубодила мекунанд. Аз рӯи аксҳои нашршуда, ваксина натиҷаҳои хуб медиҳад - антителаҳо дар аксари одамон фаъолона зоҳир мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ