18:32 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар Русия, омори охири гирифторӣ, шифо ва фавтро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар 24 соати гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 19 ҳазору 032 ҳолати нави гирифторони COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст. 10,9 дарсад бидуни нишона аст.

Бештари гирифторон дар Санкт-Петербург (2512), Маскав (2430) ва вилояти Маскав сабт шудааст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 3 832 080 расид.

Манбаъ афзудааст, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 24 502 мариз шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 3,2 миллион баробар шуд.

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

Дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 512 кас қурбони COVID-19 шуд. 

Аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 72,6 ҳазор кас дар паи ин беморӣ ҷон аз даст дод.

Тибқи омори СҶБ, аз оғози ҳамагирӣ то кунун, дар саросари ҷаҳон беш аз 101 миллион нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд.

Ҳамзамон, тибқи ҳисоботи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи онҳо аз 102 миллион гузаштааст. Аз ҳама бештар дар ИМА (25,9 миллион ҳолат), Ҳиндустон (10,7 миллион) ва Бразилия (беш аз нӯҳ миллион) гирифтори ин вабои аср шудаанд.

Русия аз Фаронса, Испания, Италия, Туркия, Олмон, Колумбия ва Аргентина пеш гузашта дар ҷои панҷум аст.

Барчаспҳо:
вируси корона, гирифторони беморӣ, нашр, омор, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ