12:02 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
271 0 0

Ширкате, ки ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" машғул аст, яке аз пудратчиёнро ба додгоҳ кашид. Даъво сари миллионҳо рубл меравад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Даъвои миллиондолларӣ алайҳи ширкати "Дагспецстройсервис" аз пудратчӣ "ЧиркейГЭСстрой" оғоз шудааст, ки аз маводи Суди Ставропол бармеояд.

Нохушиҳо дар "Роғун" 3 куштаю 15 маҷруҳ барҷой гузоштаанд

Сабаби даъво вайрон кардани мӯҳлати кор мебошад, ки дар робита ба он даъвогар мехоҳад аз ҷавобгар ҷарима ба андозаи 139,4 миллион рубл ситонад.

Мурофиаи пешакӣ рӯзи 24 феврал таъин шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҶСК "ЧиркейГЭСстрой" ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Русия ва берун аз он машғул аст.

Раҳмон аз миллиардҳои сарфшуда барои бунёди НБО “Роғун” гуфт

Дар ҳоли ҳозир, ширкате, ки ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии "Готсатлинская" дар Доғистон ва нерӯгоҳи "Зарамагская" дар Осетияи Шимолӣ машғул мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ