03:01 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
177 0 0

Иттиҳоди Урупо мехост зимни сафари Жозеп Боррел ба Маскав, Русияро дар ҳузури ҳама қамчин занад, мегӯяд Мария Захарова

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Намояндаи Иттиҳоди Урупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният бо сафари корӣ дар пойтахти Русия се рӯз - аз 4 то 6 феврал монд.

Пас аз сафар ӯ гуфт, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯи сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Урупо, ки 22 феврал баргузор мешавад, ширкаткунандагон таҳримҳои зидди Русияро тавсеа хоҳанд дод.

"Ман ба шумо як сирро дар бораи шарикони ғарбии худ мегӯям: вақте онҳо барои шаппотӣ задан муваффақ намешаванд, ба иғвогарӣ оғоз мекунанд. Вазифаи (Боррел - шарҳ аз идора) як шаппотии оммавӣ ба Русия буд, ки онҳо хеле бодиққат тарҳрезӣ карданд", - гуфт Захарова.

Ӯ афзуд, ки мақсади дигар мавзуъгузорӣ: "суҳбат кардан дар бораи гирдиҳамоиҳо, рӯзноманигорон ва қарор додани Навалний дар меҳвари суҳбат, ҳамаи чизро дар як тӯда омехта кардану, партофта, қаноатмандона рафтан", - гуфт сухангӯи вазорат Мария Захарова дар мусоҳиба бо Вести FM.

Ба ақидаи вай, қамчинкорӣ натиҷа надод, зеро "ҷониби Русия пешниҳод кард, ки масъалаҳои воқеиро баррасӣ кунад". 

Пешбинии Лавров аз сард шудани муносиботи Русия ва Урупо - видео

Ҳафтаи гузашта Маскав дипломатҳои Шветсия, Лаҳистон ва Олмонро, ки дар гирдиҳамоиҳои ҳамоҳангнашуда ширкат карданд, шахсиятҳои ғайримақбули Русия эълон кард ва аз онҳо хостанд ба зудӣ Русияро тарк намоянд.

Дар посух, ин кишварҳо се дипломати русро ихроҷ мекунанд. Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки ин амалро посухи Урупо намешуморанд.

Барчаспҳо:
ВУХ Русия, Мария Захарова, Урупо, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ