15:29 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
360 0 0

Роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский бар ин бовар аст, ки омилони суқути ИҶШС бояд паси панҷара раванд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Жириновский дар пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбари пешини он Михаил Горбачёвро гунаҳкори асосӣ мешуморад.

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия пешниҳод намудааст, ки Горбачёв барои ин амали нангини худ равонаи зиндон шавад.

Владимир Жириновский дар бораи собиқ кишвардори Русия Борис Елсин низ айнан чунин пешниҳод кард.

"Мо 90 - солагии Елсинро таҷлил кардем. Ҳоло 90 солагии Горбачёвро ҷашн мегирем. Дар ҳоле, ки ҷойи ин ҳар ду бояд зиндон бошад. Онҳо як давлати бузургро хароб карданд",- бо таассуф изҳор дошт Жириновский.

Қаблан сиёсатмадори рус, Владимир Жириновский пешниҳод намуд, ки ҳудуди ИҶШС бояд баргардонда шавад.
Жириновский гуфт, сиёсати Русия пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бесамарии худро нишон дод.

"Вақти гап гузашт, бояд бо шиддат амал кард", - гуфта буд сиёсатмадор.

Жириновский таъкид намуда буд, ки  "набояд ИҶШС чун режими сиёсӣ бозгардонида шавад, балки ҳамаи манотиқҳои он ҳам бозпас баргардонда шаванд.

"Бе ягон ҷумҳурӣ. Ҳамаи давлатҳо дар таркиби Русия", - гуфт а буд ӯ.

Барчаспҳо:
Михаил Горбачёв, ИҶШС, Владимир Жириновский

Мавзӯъҳои асосӣ