БДА 125 рақами “зебо”-ро ба фурӯш мебарорад

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкДар Симферопол аломатҳои қайди давлатӣ барои нақлиёт медиҳанд. Акс аз бойгонӣ
Дар Симферопол аломатҳои қайди давлатӣ барои нақлиёт медиҳанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар бораи музоядаи навбатии фурӯши аломатҳои қайди давлатӣ барои нақлиёти шахсӣ эълом дошт. Даромад аз музояда ба фонди бунёди НБО-и Роғун гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. БДА-и Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 13-декабри соли 2014 аломатҳои қайди давлатии силсилаи СВ минтақаи 01  ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

"Нархи як лот 414 сомонӣ (муодили 80 доллар) муайян шудааст",- хабар медиҳад сарчашма.

Дар музояда 125 аломати қайди давлатии силсилаи СВ минтақаи 01 (Душанбе), ки миёнашон рақамҳои 0011, 0012, 0013, 0014, 0015, инчунин 1212, 1313, 1414, 1515 мавҷуд аст, ба фурӯш гузошта мешавад.  Аломатҳои  аз 0011 то 0099-ро низ дар музояда пайдо кардан мумкин аст.

Дархостҳо ва барасмият дарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад ва он дар бинои БДА-и ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Фурӯши рақамҳои ба истилоҳ "тиллоӣ"-и нақлиёт дар Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз гардида, қиматтарин аломати қайди давлатӣ (01-01 АР (01)) моҳи майи соли 2012 бо нархи 55 ҳазор сомонӣ ($ 11,5 ҳазор) харидорӣ гардидааст.

То ин замон рақамҳои силсилаи  "7777" ва "8888" гаронарзиштарин ба шумор мерафтанд ва харидорои зиёд доштанд. Аввали соли 2012 ВКД фурӯши ин силсиларо манъ кард.

Ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар соли 2010 аз 30 музоядаи фурӯши аломатҳои қайди давлати 1,5 миллион сомонӣ (муодили 310 ҳазор доллар) даромад ба даст омада, он барои сохтмони неругоҳи Роғун ва буҷаи кишвар равона гардидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0