Кӯдакон дар Ҳисор аз ҳамсарони дипломатҳо тӯҳфа гирифтанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТӯҳфаҳои солинавӣ. Акс аз бойгонӣ
Тӯҳфаҳои солинавӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маблағ барои харидани тӯҳфаҳо дар ҷараёни чанд маъракаи хайрия, ки дар соли равон бургузор шуда буданд, ҷамъоварӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Аъзои маҳфили ҳамсарони дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Дар остонаи Соли Нави мелодӣ ҳамсарони дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба кӯдакони маълул дар шаҳрчаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор тӯҳфаҳо тақдим намуданд. Бо назардошти дархости маъмурияти парваришгоҳ ин ҳадяҳо ба маблағи 10 500 сомонӣ асосан аз сару либоси гарм ва шириниҳо иборат буд. Маблағ барои харидани тӯҳфаҳо дар ҷараёни чанд маъракаи хайрия, аз ҷумла Ҷашнвораи байнулмилалии ғизо, ки аввали моҳи декабр дар Душанбе баргузор гашт, ҷамъоварӣ шудааст.

Ба қавли Клара Смагулова, раиси ин маҳфил, ҳамсари сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ҳамаи 350 тифли ин парваришгоҳ тӯҳфаҳо супурда шуд ва касе аз ҳадяи солинавӣ бенасиб намондааст.  

Лентаи хабарҳо
0